News of the Ministry



Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар форуми Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони «Навоварии ҷавонон – технологияи оянда»

.

1 июни соли 2022 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар маросими кушодашавии форуми Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти унвони «Навоварии ҷавонон – техналогияи оянда», ки дар шакли видеоконфронс, ки бо иштироки як қатор кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

 

Форуми мазкур барои дарёфти имкониятҳои ҳавасмандгардонӣ ҳамкориҳои инноватсионии ҷавонон, саломатии мардум, иқтисодӣ рақамӣ, иқтисодӣ сабз, ҳамкорӣ дар самти паст кардани камбизоатӣ инчунин ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзи ва рушди деҳот равона гардидааст.

Ҳамзамон қайд бояд намуд, ки дар рафти форуми мазкур як қатор намояндагони кишварҳои СҲШ аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Узбекистон ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳони иштирок ва суханронӣ намуданд.