Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдоро раисӣ намуд
Рӯзи 14 июни соли 2022 дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷаласаи пайгирикунандаи Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, ки чорабиниро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ раисӣ кард.
Абдураҳмонзода А. С. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, вобаста ба рафти татбиқи ҳадафҳои Стратегияи СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, ташаббусҳои нав оид ба стандартизатсия ва рақамикунонии маълумот дар соҳаҳои савдову нақлиёт ва табодули ҳуҷҷатҳо, кӯшишҳо барои ба даст овардани савдои устувор дар зерминтақаи СПЕКА ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба СУС маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии СПЕКА ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.
Қайд бояд кард, ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ҷаласаҳои он ҳамасола дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси гурӯҳи корӣ- Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои манфиатдор тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.