News of the Ministry



Мулоқоти муовинони вазирони рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

Рӯзи 14 июни соли 2022 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) мулоқоти дуҷониба байни Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абидов Бадриддин Нурутдинович баргузор гардид.

 

Дар мулоқот Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушд қарор дорад. Аз ҷумла гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар марҳила ба марҳила тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба 447,8 миллион доллар баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбати солҳои қаблӣ ба маротиб рушд намудааст.

Инчунин дар рафти мулоқот масъалаи шомилшавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба СУС баррасӣ гардида, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба СУС пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла ҷониби Тоҷикистон масъалаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ баррасӣ намуда, дар робита ба он пешниҳодҳо манзур намуд, ки аз ҷониби ӯзбекистонӣ пазируфта шуд.

Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иброз намуданд.