News of the Ministry



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо

.

15 июни соли 2022 дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо (МБС) хонум Памела Коук - Ҳамилтон баргузор гардид.

 

Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба рафти татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби МБС дар Тоҷикистон амалишаванда баррасӣ гардиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тавсеаи гардиши савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, Портали савдои Тоҷикистон қабул гардиданд, ки саҳми МБС дар таҳия ва қабули онҳо назаррас арзёбӣ мегардад.  

Ҳамзамон дар раванди вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), ки тавассути МБС дар кишварҳои минтақа амалӣ мегарданд, инчунин дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда муҳокимаронӣ намуданд.

Илова бар ин бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳо аз ҷониби МБС ҷиҳати зиёд намудани чунин лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи ҳадафҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар пешбинишуда даъват ба амал оварда шуд.

Хонум Памела Кок Ҳамилтон низ дар навбати худ аз дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва иштирок дар низоми савдои бисёрҷониба истиқбол намуда, оид ба рушди муносибатҳо дар ин самт омодагии худро иброз кард ва қайд намуд, ки лоиҳаи нав вобаста ба зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории шарикони рушд дар назар дошта шудааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.