News of the Ministry



Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дастовардҳоро дар доираи Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо муаррифӣ намуд

.

Рӯзи 23 июни соли 2022 чорабинии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) дар робита ба итмом расидани лоиҳаи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ дар давраи пандемияи COVID-19 дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

 

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. С. дар чорабинӣ иштирок намуда, ҳамчун раиси Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо вобаста ба рафти татбиқи Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла ҳамкориҳои муштараки кумитаҳои миллии кишварҳои оид ба содагардонии расмиёти савдо, табодули таҷриба дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо, мусоидат ба транзити озод дар минтақа, иҷрои Конвенсия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии молҳо (Конвенсияи TIR) суханронӣ намуд.

Инчунин дар видеоконфронс оид ба нақшаи ояндаи фаъолияти Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо дар нимсолаи дуюми соли 2022, бахусус чорабиниҳои банақшагирифташуда дар доираи Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо маълумот пешниҳод гардида, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт даъват ба амал оварда шуд.