News of the Ministry



Баргузории ҷаласа вобаста ба ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорати рушди иктисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

 

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуд.

Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки бо саъю кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон ба имзо расида, он ҳамчун рамзи баҳамоиву сарҷамъии миллат, пирӯзии ақлу заковати солим, тантанаи сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар гардид.

Инчунин қайд гардид, ки дар вазъияти печидаву мураккаби имрӯзаи ҷаҳониву минтақавӣ ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва корманди вазорат мебошад ва бо ин мақсад кормандони вазорат бояд зиракии сиёсию амниятиро боз ҳам қавитар намоянд.

Дар анҷоми ҷамъомад ба якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва кормандони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои саҳми арзанда дар таъмини фаъолияти вазорат ва рушди ҳамкориҳо ба сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное