News of the Ministry



Барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ!

.

 

 

Дар доираи ҷадвали муштараки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо" ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби кормандон ҷаласа доир гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо пешниҳод ва овоздиҳии ҳайати кормандон, раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулвориси Вафо интихоб карда шуд.

Зимнан, аз ҷониби масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, вобаста ба фаъолият ва вазифаҳои оинномавии ИҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Дар интиҳои кори ҷаласа, фаъолон бо сипосномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки то охири моҳи август, чунин вохӯриву мулоқотҳо ва таъсисдиҳии намояндагии ИҶТ дар дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, баргузор карда мешавад.