Боздиди Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо аз рафти кишти такрорӣ дар ноҳияи Панҷ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 4-уми августи соли 2022 сафари кории Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, Солеҳзода А. А. ба ноҳияи Панҷ анҷом дода шуд.
Дар ноҳияи Панҷ Муовини якуми вазир Солеҳзода А. А. бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, барои ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Солеҳзода А. А. аз рафти ҷамъоварии полезиҳо, нашъунамои пахта, ҷуворимаккаи дон, лубиёгиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасон дидан намуд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, кишоварзони ноҳияи Панҷ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар ноҳияи Панҷ ба ҳолати 4 августи соли 2022 дар майдони 3002 гектар аз ҷумла ҷуворимакаи дон 1180 гектар, ғалладона ва лубёгиҳо 1400 гектар, сабзавот 208 гектар, полезӣ 76 гектар, ҷуворимаккаи силос 114 гектар ва шолӣ дар майдони 24 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.