News of the Ministry



Семинар – машварат оид ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ» баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 13-14 сентябри соли 2022 семинар - машварат оид ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносони Маркази байналмилалии савдо (ITC) баргузор гардид.

 

Чорабиниро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ оғоз карда, вобаста ба корҳои амалигардида ва ҳадафу афзалиятҳои пешбинишуда дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар оид ба иқтисоди рақамӣ, бахусус тиҷорати электронӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд ва қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳандозӣ намудани савдои электронӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.  

Аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуданд. Илова бар ин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои рақамӣ қабул гардида, Қонун «Дар бораи тиҷорати электронӣ» дар марҳилаи ниҳоии қабулшавӣ қарор дорад.

Қайд бояд кард, ки «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо мақсади иҷрои ҳадафу афзалиятҳои пешбинигардида дар барномаву ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва гузаронидани арзёбии ин самт дар ҳоли таҳия қарор дорад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное