Фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд
30 январи соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ ва аъзои ҳизб ҷаласа оид ба ҷамбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ»-ро муовини Раиси ташкилот Ёқубҷони Сайвалӣ ироа намуда, аз дастовардҳои ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ва иҷрои нақшаи кории он маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои ташкилоти ибтидои фаъолияти худро дар соли 2022 тақвият бахшиданд, ва баҳри иҷрои ҳадафҳои оинномавии ҳизб кушишҳои худро равона намуданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 муҳокимарони сурат гирифт.
Дар охири ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода У. М. суханронӣ карда, аз дастовардҳои ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Мамлакат таъкидҳо намуданд.
Чорабиниро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А. А. ҳусни анҷом бахшида, аз иштирокдорони он даъват ба амал овард, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва зиндагии арзанда барои мардуми Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми малака ва неруи худро равона намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа якчанд аъзои собиқадори ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ» бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.