News of the Ministry



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузории Қатар

.

6 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузории Қатар (Qatar Investment Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қатарро дар самти сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, ки дар Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ворид гардиданд мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва татбиқи самтҳои қайдгардида баён намуданд.