Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ - муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар - Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ ва Раиси иҷроияи Бонки байналмилалии исломии Қатар - доктор Абдулбосит Ал-Шибӣ
6 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ - муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар - Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қатарро дар самтҳои молия, бонкдорӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои нақлиётӣ, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ ва роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ ба Давлати Қатарро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самтҳои қайдгардида баён намуданд.