News of the Ministry



Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Конфронс вобаста ба истифодабарии иқтидори тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ

.

Рӯзҳои 7-9 марти соли 2023 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ дар Конфронс вобаста ба истифодабарии иқтидори тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Дар доираи конфронс масъалаҳои дастгирии соҳибкорӣ ва содагардонии   расмиёти савдо ва тиҷоратӣ электронӣ муҳокима гардиданд.

Насриддинзода Р. Ҳ. зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва содагардонии расмиёти савдо, тиҷоратӣ электронӣ ва савдои наздисарҳадӣ, ки самтҳои асосии лоиҳаи «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ мебошанд, як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ҳамчун майдони хуби ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ таъсис дода шуда, 26 апрели соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон ва 1 сентябри соли 2020 «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор гирифта, тамоми истифодабарандагони дохилию хориҷӣ аз он самаранок истифода бурда истодаанд.

Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорони ватанӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ якчанд санаду барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Дар охири чорабинӣ иштирокчиёни конфронс аз маркази иноватсионӣ, ки дар он тарзи ташкили соҳибкорӣ, тиҷорати электронӣ ва дигар хизматрасониҳои муосир омӯзонида мешавад, дидан намуданд