News of the Ministry



Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

14 марти соли 2023 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №72-ф дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Варзоб, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва дар маҷмӯъ таъмини устувории макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.

Аз ҷониби Восидиён Ф. С. ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои қайдгардида тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси шаҳри Турсунзода – Азимзода А. Б., Муовини Раиси шаҳри Ҳисор – Нурализода Х. Т., Муовини якуми Раиси ноҳияи Варзоб – Нозимзода Б., Муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Рамазонзода З., Муовини Раиси ноҳияи Лахш – Асомидинзода А., Муовини якуми Раиси ноҳияи Нуробод – Шоҳиён М. Б. ва мудири Бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Рашт – Хоҷазода Х. В. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида рӯзи 15 марти соли 2023 муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ гардидааст.