News of the Ministry



Баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

17 марти соли 2023 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №72-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.

Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушд ба инобат гирифта шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон – Иматшозода А. И. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.