News of the Ministry



Иштироки Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабии доир ба савдо ва сармоягузорӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ (TIFA)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

17 марти соли 2023 ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабии доир ба савдо ва сармоягузорӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ (TIFA)дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, ки дар кори он аз ҷониби Тоҷикистон Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯро намояндагон воломақом аз Ӯзбекистон, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Покистон иштирок варзиданд.

Солеҳзода А. А. иттилоъ дод, ки дар соли 2022 гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 2 млрд. 65 млн. доллар ИМА расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин дар доираи ҷаласаи Шӯро мубодилаи афкор ва муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Дар анҷоми Шӯро Солеҳзода А. А. изҳори боварӣ намуд, ки мубоҳисаҳои имрӯза оид ба масъалаҳои мубрами рушди иқтисод сатҳи ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои моро боз ҳам боло хоҳад бурд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное