News of the Ministry



Ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

12 майи соли 2023 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

 

Ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамраисони Комиссия – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдулла Нигматович Арипов роҳбарӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар иштирок намуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати фаъолгардонӣ ва вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо таъкид намуданд.

Дар доираи музокирот созиши мутақобила оид ба андешидани чораҳои мувофиқашудаи минбаъда ҷиҳати таъмини афзоиши ҳаҷми табодули маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои саноати сабук ва дар самти агросаноатӣ, инчунин идома ва густариши корҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетикӣ ҳосил шуд.

 Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Комиссия ҳамчун василаи муҳим ва самараноки рушди ҳамкории иқтисодӣ фаъолият намуда, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар такон бахшидани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи созгор фароҳам меорад.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Илова бар ин, зимни Комиссияи болоқайдгардида ду санад «Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба таъсиси минтақаи саноатию тиҷоратии «Тоҷикистон-Ӯзбекистон» дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод-Ойбек» ва «Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид.