News of the Ministry



Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ иштирок намуд

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 июли соли 2023 бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ гузориши масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаш моҳи соли 2023 ва корҳои анҷомдодашуда ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шунида шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда шуданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо – Насриддинзода Р. дар маҷлиси ҷамъбастӣ баромад намуда, ҷиҳати иҷрои супоришҳои саривақтии муҳтарам Пешвои миллат, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва масъулинро барои дар сатҳи баланд таҳия ва амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бе талаф ғундоштани ҳосил ва аз як замин гирифтани 3-4 ҳосил, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, таъмини сифати иншооти бунёдшаванда ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду вазифадор намуд.

Инчунин таъкид намуданд, ки вазъи экологӣ беҳтар карда шуда, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян ташкил ва аҳолӣ бо маводи озуқа таъмин карда шаванд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини Вазир ба роҳбарияти мақомот ва масъулини ноҳия оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.