Мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА
24 октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби иштирок дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин бо Роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (АРБИМА) хонум Саманта Пауэр барпо гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо АРБИМА-ро муҳокима намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои мусбати нишасти имрӯзаи вазирон дар қолаби С5+1 табодули андеша карданд. Ҷониби Тоҷикистон ба сатҳу муҳтавои шарикии кишвар бо АРБИМА дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар бахшҳои рушди иқтисод, савдо, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф баҳои баланд дод.
Дар анҷоми суҳбат ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тақвиятсозии минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҷалби кумакҳои бештари ҷониби ИМА ба иқтисоди Тоҷикистон баён гардид.