News of the Ministry



Ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

28 феврали соли 2024 зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо иштироки намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Озан Севимлӣ, менеҷери таҷрибаи глобалии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба камбизоатӣ ва баробарӣ ҷаноби Амбар Нараян ва аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Солеҳзода А. А. қайд кард, ки фаъолияти Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи олии стратегӣ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бар пояи рушди устувори иқтисодӣ замина фароҳам меорад ва масъалаҳои баррасишаванда барои расидан ба ин ҳадаф муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ҷониби намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ вобаста ба методологияи баҳодиҳии табақаи миёнам аҳолӣ – омӯзишҳо аз таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳлили камбизоатии кӯдакон ва вокуниш дар доираи ҳифзи иҷтимоӣ рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа қарор карда шуд, ки фаъолияти Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ тақвият ёфта, дар доираи он тавсеаҳо ҷиҳати ба инобат гирифтани масъалаҳои сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва такмил додани методологияи ҳисоби сатҳи камбизоатӣ ва тавсеаи табақаи аҳолӣ то нимаи аввали соли ҷорӣ пешниҳод карда мешаванд.