Оғози фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
5 марти соли 2024 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №78-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 25 октябри соли 2023, №65 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзобод, Варзоб муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳову ноҳияҳои мазкур дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.
Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд. Дар ин раванд аз ҷониби Муовини якуми Раиси ноҳияи Варзоб – Раҷабзода Б., Муовини Раиси шаҳри Роғун – Исмоилзода А., Муовини Раиси шаҳри Ваҳдат – Ғаюрзода Н. ва Муовини Раиси ноҳияи Файзобод – Саидзода Ш. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа Восидиён Ф. С. бахшида ба «Рӯзи Модар» ҳозиринро табрик намуда, қайд намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.
Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида баргузории муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои март ва апрел анҷом дода мешаванд.