Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар Конфронс оид ба тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои иштирокчии Созмони Ҳамкории Шанхай
27 июни соли 2024 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар Конфронси тиҷорати рақамӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар Конфронс масъалаҳои муҳими тиҷорати рақамӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла рушди савдои электронии интернетӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ муҳокима гардид. Намояндагони кишварҳои мухталиф таҷрибаи худро муарифӣ намуда, стратегияҳоро баррасӣ намуданд, ки ба содда ва тезондани раванди тиҷорати рақамӣ равона шудаанд.
Нуриддинзода А. Н. вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки ширкатҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкориро бо Тоҷикистон дар ин самт ба роҳ монанд.