News of the Ministry



Баргузории ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

2 октябри соли 2024 дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2024, №30251 (265) дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини Вазир Восидиён Фарҳод Саъдулло, Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам Карим ва кормандони вазорат, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид.

 

Зимни суханронӣ аз ҷониби Восидиён Ф. С. иброз гардид, ки қисми бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин нерӯи бузург баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.

Аз ҷониби Муовини Вазир вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҷавонон дар раванди ин пешравиҳо ибрози ақида карда шуд.

Инчунин қайд карда шуд, ки дар асоси дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди ҷавонон пайваста иқдомҳо роҳандозӣ карда мешаванд ва дар навбати худ ҷавонон низ баҳри пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор мебошанд.

Махсусан саҳми ҷавонон дар нигоҳдории марзу буми кишвар, пойдор гардидани Истиқлоли давлатӣ, инчунин пешрафти илму маориф ва техникаю технологияи ҳозиразамон намоён ба назар мерасад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки қисми асосии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро низ ҷавонон ташкил медиҳанд.

Баъдан Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш низ суханронӣ ва вобаста ба нақши ҷавонон дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ ва расидан ба ҳадафҳои давлату ҳукумати кишвар ибрози ақида намуд.

Инчунин аз ҷониби кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намуда, дониши худро васеъ кардаанд, рӯнамо ва баромадҳо пешниҳод карда шуд.

Дар охири чорабинии қайдгардида як қатор кормандони Вазорат вобаста ба саҳми онҳо дар рушди самти ҷавонон ва варзиш бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.