News of the Ministry

Error
  • JUser: :_load: Unable to load user with ID: 56


Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон дар Вазорат

.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2015 дар Вазорати рушди иктисод ва савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид баргузор гардид. 

Дар оғоз, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид, аъзои Шӯрои нозиронро хайрамақдам намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.

Дар ин росто, Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ роҷеъ ба масъалаҳои дар ҷаласаи мазкур баррасишаванда, маълумоти мухтасар баён намуданд.

Сипас, роҳбарони МОИ-и кишвар вобаста ба корҳои анҷомдодаашон дар соли 2015 маълумоти муфассал баён доштанд.

Дар интиҳои ҷаласа ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳо ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.