News of the Ministry



Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

.

  

22 ноябри соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният намуд.

Ҳамзамон иброз дошт, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо азму иродаи қавӣ ва ҷасорати бузурги Пешвои муаззами миллат қабул гардидааст ва ин боиси ифтихор ва сарбаландии мо тоҷикон мебошад.

Инчунин қайд намуд, ки дар натиҷаи саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун иди расмӣ дар кишвар ҷашн гирифта шуда, он равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардуми сарбаланди тоҷик маҳсуб меёбад.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки доимо барои ҳифз ва парафшон мондани  Парчами давлатӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.