Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Форуми иқтисодии СПЕКА 2024 дар мавзӯи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» мебошад
26-28 ноябри 2024 – Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонии Форуми иқтисодии навбатии СПЕКА-2024-ро дар мавзӯи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» ба ӯҳда дорад.
Қайд бояд кард, ки СПЕКА (Барномаи махсуси иқтисодии СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) соли 1998 бо ташаббуси СММ таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Дар тӯли солҳои фаъолият СПЕКА ба масъалаҳои муҳим, ба мисли савдои устувор, рақамикунонӣ, обу энергетика ва нақлиёт диққати махсус додааст.
Боиси ёдоварист, ки Форуми иқтисодии навбатии СПЕКА-2024 дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СПЕКА соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад.
Ин чорабинии сатҳи баланд нақши калидии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори рушди минтақавӣ нишон дода, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сабз ва ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар кори Форум зиёда аз 100 намояндагони кишварҳои аъзои СПЕКА ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба мисли СММ, ЭСКАТО ва ЕЭК СММ ширкат варзида, дар самтҳои калидии рушди минтақавӣ ва ҳамкориҳои муштарак мубоҳиса мекунанд.
Намояндагони ВАО метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба Маркази матбуоти Форуми иқтисодии СПЕКА муроҷиат намоянд.