News of the Ministry



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии шаҳрҳои устувор

.

  

4 ноябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Солеҳзода А.А., муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А.С. ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии шаҳрҳои устувор дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ширкат намуд.

 

12-умин Форуми байналмилалии шаҳрҳои устувор таҳти раёсати Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардида, он ба мавзӯи «Ҳама аз маҳал оғоз меёбад: тадбирҳои маҳаллӣ баҳри рушди устувори шаҳрҳо ва ҷомеа» бахшида шуд.

Дар чорабинии мазкур беш аз 20000 намоянда дар ҳайатҳои расмии 182 кишвари олам, хусусан сарони панҷ давлат ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат намуданд. Форум бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ифтитоҳ гардида, он то санаи 8 ноябри соли равон дар сатҳҳои мухталиф идома ёфт.

Масъалаҳои асосии дар форум баррасишаванда чунин мавзӯъҳоро ба монанди манзили оянда, шаҳрҳо ва тағйирёбии иқлим, қавитар дар ҳамҷоягӣ, маҳалликунонии молиявӣ ва молияи маҳаллӣ, авлавияти инсон дар асри рақамикунонӣ ва талафоти манзил фаро гирифтанд.

Ҳамзамон дар доираи форум муколама ва панелҳои тахассусӣ вобаста ба амалҳои мушаххас ва табодули таҷриба дар самтҳои калидӣ  баргузор гардиданд.

Форуми байналмилалии шаҳрҳои устувор соли 2000 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҳамгироӣ ва муколамаи шаҳрҳо ва минтақаҳо баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами ба маҳалликунонии Ҳадафҳои Рушди Устувор алоқаманд таъсис дода шудааст.