Ҳамоиш таҳти унвони «Паёми Президент раҳнамои асили рушди дарозмуддати кишвар» вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
21 январи соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиш таҳти унвони «Паёми Президент раҳнамои асили рушди дарозмуддати кишвар» вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 баргузор гардид.
Дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он ширкат варзиданд.
Чорабиниро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои асили рушди дарозмуддати кишвар мебошад.
Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.
Тадбирҳои амалинамуда имкон доданд, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шавад. Яъне ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар ин давра 74,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфт.
Дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур доданд, ки дар соли 2025 иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Дар ин радиф Завқизода З. А. ба масъулини соҳа супориш дод, ки корҳоро дар самти истифодаи модели муосири макроиқтисодию эконометрикӣ тақвият дода, ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ манбаъҳои иловагии рушд ва шиддатнокии нишондиҳандаҳо ба инобат гирифта шаванд.
Илова бар ин муҳтарам Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ташаккули «иқтисоди сабз» тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ Завқизода З.А. қайд намуд, ки дар доираи корбарии вазорат ба ҳайси ҳамраиси Комиссияҳои байниҳукуматӣ ва мудири баъзе ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар ҳаҷми умумии 630 млн. доллар маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзнок ҷалб гардиданд. Дар ин росто масъулинро вазифадор намуд, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳо дар соли 2025 идома дода шаванд. Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳо дар самти фаъолияти Ситоди зиддибуҳронӣ идома дода шуда, вобаста ба масъалаҳои пешбинишуда гузоришҳои таҳлилӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гарданд.
Дар баробари ин муҳтарам Пешвои муаззами миллат Вазорати рушди иқтисод ва савдоро вазифадор намуданд, ки бо назардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Завқизода З. А. ба масъулин таъкид намуд, ки ҳуҷҷати мазкур марҳилаи сеюм ва ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва заминаи асосӣ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар давраи миёнамуҳлат ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин ба масъулин супориш дода шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҳангоми таҳияи ин барнома ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Вобаста ба ин роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он бо масъулияти баланд тасмим гирифтанд, ки Паёми Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои он чораҷӯӣ менамоянд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои рушди бахши воқеӣ, савдо, соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста ба дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паём ибрози андеша намуданд.