News of the Ministry



Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

  

10 апрели соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбари муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Муайян кардани самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар ва роҳҳои ҷалби сармоя» баргузор гардид. 

 

Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, барои таъмини рушди устувори кишвар нақши назаррас дорад. Аммо ҳанӯз ҳам дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои ноил шудан ба ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати кишвар корҳои зиёд аз ҷониби вазорату идораҳо бояд ба анҷом расад.   

Дар доираи ҷаласаи мазкур гузориши муовини якуми Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Ф.Ю. шунида шуд. Қайд гардид, ки аз ҷониби Кумита барои бозҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои зарурӣ ба роҳ монда истодааст.

Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаҳои қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд.