News of the Ministry



Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни Наврӯз ва Иди шарифи Рамазон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд

.

  

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз ва Иди шарифи Рамазон, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ аз қабили шириниҳо, маводи хӯрока ва сару либос инчунин маҳсулоти сохтмонӣ расонида шуд.

 

Табрикоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати ҷашни Наврӯз ва Иди шарифи Рамазон ба тамоми таълимгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод расонида шуда, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ятимону маъюбонро дастгирӣ ва ғамхорӣ намуда, тамоми шароитро барои онҳо муҳаё намуда истодааст.

Дар заминаи дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳо ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб софдилона хизмат намоянд.