News of the Ministry



Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025

.

  

23 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа раванди панҷ ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла:

«Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»;

«Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040»;

«Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»;

«Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;

«Барномаи бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025».

Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, сардори Раёсати рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Сайфулло, Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Пиризода Ҷалил Сафар, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Ниёз Маҳадбоқиевич ва Муовини аввали сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳбуб рӯнамо пешниҳод гардид.

Тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 ҷараёни иҷрои 31 ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ ва 59 ҳуҷҷати сатҳи маҳаллӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо гузориши муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.