News of the Ministry



Иштироки Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин

.

  

июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари губернатори музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чжао Ган Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирок ва суханронӣ намуд.

Солеҳзода А. А. дар суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2024 дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон бо 1,95 миллиард доллар дар ҷойи 2-ум қарор гирифт.

Инчунин Муовини якуми вазир зимни суханронӣ баргузории форуми мазкурро барои мубодилаи афкору таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки робитаҳои самараноки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Чин бо назардошти зарфияту имкониятҳои мавҷуда метавонад барои пешбурди лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду кишвар заминаи устувор гузорад.

Ҳамзамон дар ҳошияи Форуми қайдгардида вохӯрии муштараки Солеҳзода А. А. ва роҳбарияту масъулини вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо губернатори музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чжао Ган баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрии мазкур тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисоди рақамӣ ва «сабз», саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва ҷалби технологияҳои муосир мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, омодагии худро барои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.