News of the Ministry



Ситоди ҷумуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026

.

  

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии раиси Ситод – Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» баррасӣ гардид.

Бо мақсади назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои соли қаблӣ 5 маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, дар онҳо ба роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби раиси Ситод дастуру супоришҳои мушаххас оид ба масъалаҳои банақшагрӣ ва захираи маводи зарурии хӯрокворӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва истеҳсолу таъминоти мунтазами он, захира ва истифодабарии ангишт, сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, хӯроки чорво ва ғайра дода шудаанд.

Аз таҳлилу мониторингҳо бармеояд, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025 бандҳои Нақшаи чорабиниҳои қарори қаблӣ дар маҷмуъ иҷро шуданд.

Айни замон қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дорад.

Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур дар муҳлати то 10 майи соли 2025 дар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.

Ҳоло марҳилаи нақшабандӣ ва иҷрои захираи маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба корхонаҳову муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 оғоз гардидааст.

Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Ситод муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба роҳбарони ситодҳои вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои мушаххас дода шуданд.