News of the Ministry



Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он

.

5 августи соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ, ки таҳти раёсати Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод сурат гирифт, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Прокурори Раёсати назорати умумӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3-и Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонзода Гулчеҳра иштирок намуданд.

Дар аснои чорабинӣ нотиқон аз дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва давлатдорию дигар арзишҳои миллӣ таҳкими волоияти қонун нақши бориз дорад.

Дар интиҳо тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони қадимаи тоҷикӣ поку беолоиш нигоҳ дошта шуда, бобати равнақи ин арзиши миллӣ давоми 25 соли мустақилияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шуд, ки қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ” ва “Рӯзи забони давлатӣ” аз қабили онҳост.