Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон
9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду давлат ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд.
Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошанд ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин доранд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иктидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуданд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонданд.
Умед аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Пас аз анҷоми маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як суҳбати кӯтоҳи самимӣ доир карданд.
Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карданд.