Тоҷикистон ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдоро раисӣ намуд
Рӯзи 31 августи соли 2022 дар кишвари Сингапур дар ҳошияи 10-умин Форум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки чорабиниро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ раисӣ намуд.