Economic news



Олмон аз тарофаҳои ҷоринамудаи ИМА ба воридот зарар мебинад

.

Тибқи иттиллои рӯзномаи «Augsburger Allgemeine» роҳбари палатаи савдои Ҷумҳурии Федеролии Олмон изҳор намуд, ки хавфҳо оид ба тарофаҳои ҷоринамудаи ИМА нисбат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ба иқтисодиёти Олмон таъсири манфӣ мерасонанд.

 

Мутобиқи маълумоти қаблии «Вести.Экономика» ИМА ҷанги тиҷоратии навро оғоз менамояд, ки сабаби оғози ин амал созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба ёрии пулӣ расонидани Брюсел ба консерни ҳавопаймосозии «Airbus» мебошад ва ин ба истеҳсолкунандагони амрикоӣ зарар мерасонад.

Дар ИМА оид ба ҷорӣ намудани боҷҳо ба молҳои истеҳсоли Иттиҳоди Аврупо фикр карда истодаанд, то Брюсел аз ёрии пулӣ расонидан ба консерни ҳавопаймосозии «Airbus» даст кашад.