Economic news



Маълумоти мухтасари Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба рӯйдодҳои иқтисодии ҷаҳон дар ҳафтаи сипаригардида (аз 8 июл то 12 июли соли 2019)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Шикояти ИМА ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

Тибқи маълумоти «Вести Экономика» Ҳукумати Амрико ба СУС оид ба ҷорӣ намудани боҷҳои ҷавобии Ҷумҳурии Ҳиндустон ба пӯлод ва алюминий дар ҷавоб ба боҷҳои ИМА дар соли 2018 қабулдшуда шикоят равон кард. 

Дар дархости ИМА қайд гардидааст, ки ба ақидаи Вашингтон боҷҳои воридотии иловагие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон аз моҳи июни соли 2018 то июни соли 2019 қабулгардида ба риояи шартҳои Созишномаи генералӣ оид ба тарофаҳо ва савдо аз соли 1994 мутобиқат намекунад. Мувофиқи маълумоти ИМА, қабул намудани чунин боҷҳои воридотӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон ин рафтори беадолатона нисбат ба воридоти маҳсулоти амрикоӣ дар муқоиса бо дигар аъзои СУС мебошад.

Иқтисодчиён Хитойро даъват мекунанд, ки барои қатъшавии муносибатҳо бо ИМА омода бошад

Тибқи иттилои маҷаллаи «South China Morning Post» олимони Пекин огоҳ карданд, ки қатъшавии муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ) бо ИМА ба ҳақиқат наздик шуда истодааст ва Хитой бояд барои ин омода бошад.

Директори институти миллии стратегияҳои маркази таҳлилии Академияи илмҳои ҷамъиятии ҶХХ чунин меҳисобад, ки муноқишаҳои Вашингтон ва Пекин аз доираи тиҷорат берун рафт ва Қасри сафед кӯшиш менамояд, ки Хитойро аз ҳалқаи глобалии ташаккулёбии арзишҳо берун намояд.

Коршиноси Донишкадаи ҷаҳонии иқтисод ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои ҷамъиятии ҶХХ, қайд мекунад, ки рақобат байни Хитой ва ИМА наметавонад бо созишномаи ягона ҳал карда шавад. Ба қавли ӯ Хитой метавонад бо кишварҳои ҳамсояаш ҳамкориҳоро бештар тақвият диҳад, то барои шикастани муносибатҳо бо ИМА омодагӣ гирад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳҳои бартараф намудани таҳримҳои ИМА-ро ҷустуҷӯй дорад

Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳафтаи гузашта як қонунро барои пешбинии сохтмони корхонаҳои зиёди коркарди нафт аз ҳисоби сармоягузории ширкатҳои хусусӣ ва қарзҳои бонкҳои минтақавӣ қабул намуд.

Сарфи назар дар рӯйхати таҳримии ИМА ворид гардидани Гурӯҳи азими нафту кимиёвии Эрон «Persian Gulf Petrochemical Industries Company», инчунин 39 ширкатҳои зертобеъ ва намояндагони хориҷӣ оид ба фурӯши нафт, Теҳрон мувофиқи мақсад меҳисобад, ки бо назардошти маблағгузории сохтмони корхонаҳои коркарди нафт аз сарчашмаҳои мустақил, бахшҳои газ ва нафту кимиёвӣ метавонанд аз маҳдудиятҳои нави ИМА раҳо ёбанд.

Тибқи маълумоти «Oilprice.com» бо назардошти зиёд намудани шумораи корхонаҳои коркарди нафт нисбат ба 16 корхонаҳои қаблӣ Эрон умед дорад, ки дар навбати аввал даромади иловагии содироти нафту кимиёвиро ба даст оварда, кишварро бо бензин пурра таъмин намояд.

Думаи давлатии Россия ба Ҳукумат таклиф оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди воридоти обҳои маъданӣ ва шароб аз Гурҷистон пешниҳод намуд

Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии гумруки Федератсияи Россия Гурҷистон дар соли 2018 аз рӯи содироти оби маъданӣ ҷойи аввал ва шароб ҷойи сеюмро ба Федератсияи Россия ишғол намуд.

Хадамоти федеролии гумруки Россия қайд менамояд, ки дар соли 2018 ҳаҷми воридоти оби маъданӣ ва газнок ба Россия 156,1 млн. литрро бо маблағи 101,7 млн. доллари ИМА ташкил дод.

Воридоти шароб ба Федератсияи Россия дар соли 2018 -ум 406,8 млн. литрро бо маблағи 1,1 млрд. доллар ташкил кард.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное