Economic news



Афзоиши нархи нафт

.

Дар рӯзҳои охир нархи як баррел нафти навъи Брент 63,5 доллар ва нафти навъи Даблю-ти-ай (WTI) 61 долларро ташкил дод. Ба ақидаи коршиносон боло рафтани нархи нафт пеш аз ҳама аз риояи қатъии созишномаи кам кардани истихроҷи нафт вобастагӣ дорад.

Тибқи иттилои муовини сарвазири Федератсияи Россия нархҳои амалкунанда ба вазъи бозор пурра ҷавобгӯ буда, нархи миёнаи нафт имсол дар ҳудуди 45 то 60 доллар хоҳад расид.

Дар мавриди барқароршавии иқтисоди ҷаҳон дар нимаи дуюми сол ва зиёд гардидани талабот ба нафт нархи он боло хоҳад рафт.