Тамос

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 78

Тел: (992 37) 227-34-34 (қабулгоҳ)

Факс: (992 37) 221-94-63, (992 37) 221-46-23 (шӯъбаи умумӣ)

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. , This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Contacts

Address: 78 Rudaki Avenue, Dushanbe, Republic of Tajikistan

Tel:  (992 37) 227-34-34

Fax: (992 37) 221-94-63 (general department) 221-46-23

E-mail:   This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.  

 

 

Задачи структур

 

Замимаи 1

 

бо қарори Ҳукумати

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

аз 28 декабри соли 2006 №589

 

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1.         Муқаррароти умумӣ

 

(қарори Ҳукумати ҶТ от 30.06.2007 №371, аз 5.03.2008 г. №126, аз 1.04.2008 №178, аз 31.10.2008 №543, аз 30.12.2008 №639, аз 31.08.2009 №475, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 11.12.2012 № 719, аз 02.03.2013 № 76, аз 29.04.2015 № 252, аз 3.03.2018 № 110, аз 26.11.2020 № 623, № 627)

 

1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок намуда, вазифаҳоро оид ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, стратегияҳои кӯтоҳмуддат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245).

 

2. Вазорат фаъолияти ташкилоту муассисаҳои дар системаи он буда ва мақомотҳои минтақавиашро роҳбарӣ, хамоҳанг ва назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245).

 

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

 

4. Вазорат мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур зикргардида мебошад.

 

Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорат вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва савдо барои ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ҳатмӣ мебошанд.

 

II. Ваколатҳои Вазорат

 

5. Вазорат ваколатҳои зеринро дар бахши фаъолиятҳои муқарраргардида амалӣ менамояд:

 

• оид ба масъалаҳои ба Вазорат ва системаи он дахл дошта, ки бо банди 1 Низомномаи мазкур муқаррар гаштаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки қарори Ҳукумата Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекунанд, пешниҳод менамояд;

 

• дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ба таври мустақилона санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар бахши фаъолиятҳои муқарраргардида қабул мекунад;

 

• дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок менамояд (карор аз 3.05.2010 № 245); • таҳлил ва баҳодиҳии вазъи кунунии иқтисодро анҷом дода, дар асоси онҳо принсипҳо ва усулҳои танзимӣ соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян менамояд;

 

• стратегияҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат на дарозмӯҳлат, нақшаи индикативӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимои ва дар алоқамандӣ бо онҳо барномаҳои давлатии сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷиро таҳия мекунад;

 

• барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавиро ҳамоҳанг менамояд;

 

• принсипҳо ва механизмҳои ислоҳоти иқтисодии мамлакат ва шаклҳои татбиқи онҳоро таҳия менамояд;

 

• консепсия ва принсипҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷиро таҳия менамояд;

 

• оид ба такмили системаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи маълумоти оморӣ пешниҳодҳо омода менамояд;

 

• дар таҳия ва татбиқи стратегияи амнияти иқтисодии мамлакат иштирок мекунад;

 

• дар таҳияи сиёсати буҷетӣ, ташаккули меъёрҳои буҷетӣ барои таъмини иҷрои барномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд;

 

• дар омода намудани пешниҳодҳо оид ба такмили самтҳои асосии сиёсати андозу буҷетӣ, молиявӣ ва пулию қарзӣ иштирок мекунад; • ҳамоҳангсози ва назорати иҷрои ӯҳдадориҳоро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бармеоянд, анҷом медиҳад;

 

• оид ба бастани санадҳои байниҳукуматӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, молиявӣ, илмию техникӣ пешниҳодҳо омода менамояд;

 

• дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии иқтисодӣ ва илмию техникӣ иштирок мекунад;

 

• ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ташкил мекунад ва баргузор менамояд;

 

• пешниҳодҳоро оид ба такмили низоми давлатии ташкили савдо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он таҳия ва манзур менамояд;

 

• якҷоя бо мақомоти соҳавӣ дар омода намудани тавозуни истеҳсолот ва истифодаи маҳсулоти стратегии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда иштирок мекунад;

 

• дар ҳаллу фасли масъалаҳо вобаста ба расонидани кӯмакҳои техникӣ, молиявӣ ва дигар кӯмакҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

 

• хусусияти башардӯстона доштани борҳои ба ҷумҳури воридгардидаро муайян менамояд ва барои додани имтиёзҳои андозбанди хулосаҳо омода менамояд;

 

• тартибу усулҳои танзими давлатии тарифию ғайритарафии савдои хориҷиро муайян мекунад, таклифҳоро оид ба меъёрҳои тарифи гумрукӣ, дақиқ намудани номгӯи молҳо ва кору хизматрасониҳое, ки содироту воридоти онҳо махдуд ё манъ карда шудааст, омода менамояд;

 

• истифодаи низоми аксизии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қисмати воридот ва содироти молҳо ҳамоҳанг месозад;

 

• ҳамоҳангсозии корҳоро оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва такмили минбаъдаи онҳо амалӣ менамояд;

 

• бо мақсади пешрафти молҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ тадқиқотҳои маркетингӣ мегузаронад, оид ба такмили сиёсати бахши истеҳсолии иқтисодиёт дар асоси омузиши бозори дохилию берунӣ таклифҳо омода мекунад;

 

• ташкил ва ҳамоҳангсозии умумии корҳоро бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 76);

 

• оид ба танзими техникии савдо ва маҳдуд намудани шумораи стандартҳои ҳатмӣ тибқи талаботи СУС пешниҳодҳо омода мекунад;

 

• дар бораи тартиби воридот ва содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо, шикастапораҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, партовҳои коркарди онҳо ва омехтаҳои кимиёвӣ дорои металлҳои қиматбаҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;

 

• дар бораи содироти навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва молҳои хусусияти стратегидошта пешниҳодот омода мекунад;

 

• дар бораи таъсиси намояндагиҳои тиҷорати дар хориҷа ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо пешниҳодҳо омода менамояд;

 

• оид ба таъмини сохторҳои қудрати бо намудҳои асосии мол, кор ва хизматрасони дар доираи маблағҷудокунии дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда пешпиҳодҳо омода менамояд;

 

• дар ҷобаҷокунии фармоиши давлатии мудофиавӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати маҳсулотҳои фармоишии мудофиавӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;

 

• оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ки барои хариди молҳо, кор ва хизматрасони пешбинӣ шудаанд пешниҳодҳо омода менамояд;

 

• оид ба таъинот, ташаккул ва истифодаи манбаъҳои захираҳои давлатӣ, рушду такмили идораи давлатии системаи захираҳои давлатӣ пешниҳодот таҳия мекунад;

 

• оид ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодии молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи муайян намудани тартиби ҷорӣ ва татбиқ намудани чораҳои махсуси ҳимоякунанда, пешгирикунандаи шикасти нарх (антидемпингӣ) ва ҷубронкунандаи воридоти молҳо ба ҷумҳурӣ пешниҳодҳо омода мекунад;

 

• таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабзро дар кишвар анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 №627);

 

• асосноккунии иқтисодии афзалиятҳои сиёсати илмию техникӣ, бастани қарордодҳои давлатиро бо ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои корҳои муҳими илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ амалӣ менамояд ва дар таҳияи механизмҳои баланд бардоштани сифати иҷрои онҳо иштирок мекунад;

 

• дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳоро бо мақсади шинос намудан ва тарғиби дастовардҳои иқтисоди кишвар ташкил ва доир менамояд;

 

• ташхиси лоиҳаҳои илмию техникӣ, барномаҳо ва мавзӯъҳои илмиро, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурнявӣ маблағгузорӣ мешаванд, анҷом медиҳад;

 

• талаботи ҷорӣ ва перспективии иқтисоди миллиро оид ба масъалаҳои таъминот бо кадрҳо, нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ омӯхта таҳия менамояд;

 

• оид ба маблағгузории рушди илмию техникии муассисаҳои иҷтимоӣ ва тайёр кардани кадрҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, муассисаҳои илмию педагогӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

 

• дар омӯзиши ҳолат ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар соҳаи тадқиқоти илмӣ иштирок менамояд;

 

• дар таҳлил ва такмили фаъолияти муассисаҳои илмии академӣ, мактабҳои олӣ сарфи назар аз тобеияти идоравӣ таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ба тартибу роҳҳои такмили сохтори муассисаҳои илмӣ алоқаманданд, иштирок мекунад;

 

• доир ба тақсимбандии фармоиши давлатӣ барои тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷа таклифҳо пешниҳодот менамояд;

• фаъолияти ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва истифодаи онҳоро аз тарафи аҳолӣ ҳамоҳанг месозад; 

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• нархҳои (тарифҳои) хизматрасониҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои молҳои муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистои мавқеи инҳисорӣ доранд, танзим мекунад;

• дар доираи салохияти худ назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидоро, ки дар бахши танзими Вазорат фаъолият мекунанд, амалӣ менамояд;

• дар нашрияҳои расмии худ (блютенҳо, маҷмӯаҳо, маҷаллаҳои идоравӣ) ва дар сомонаи расмӣ дар интернет санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ нашр менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 №110);

• салоҳиятҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ки бо қонунҳо, санадхои меъёрию ҳукуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, анҷом медиҳад. 6. Вазорат бо мақсади иҷрои салоҳиятҳои дар соҳаи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

• дар доираи салоҳиятҳои худ тибқи тартиботи муқарраршуда маълумотеро, ки барои қабули қарорхо доир ба масъалаҳои ба салоҳияти Вазорат дахлдошта заруранд, талаб ва ройгон дастрас намояд;

• фаъолияти мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият дар татбиқи вазифаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур нишондодашуда ҳамоҳанг созад;

• бо тартиби муқарраргардида қисми ваколатҳои худро ба агентиҳои системаи худ вогузорад;

• хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дохил мешаванд, ҷалб намояд;

• санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар доираи салоҳиятҳои худ тақия ва тасдиқ намояд;

• дар конфронсу семинарҳое, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиёт бахшида шудаанд, Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд;

• комиссияҳои экспертии байниидоравӣ таъсис медиҳад ва маҷлисҳои махсус оид ба: масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷи даъват намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• ҳангоми зарурат аз ҳисоби олимон ва мутахассисон гурӯҳҳои корӣ барои омодасозии пешниҳодот оид ба масъалаи нисбатан муҳими ба салоҳияти вазорат дохилшаванда ташкил диҳад, барои машварат омӯхтан ва ҳаллу фасли масъалаҳо дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисону экспертҳоро дар асоси шартнома аз ҷумҳури ва давлатҳои хориҷа ҷалб намояд;

• мутобиқи шарти созишиомаҳои савдои хориҷӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳолатҳои фатҳнашаванда (форс-мажорӣ) тасдиқнома диҳад;

• нашрияи воситаҳои ахбори оммаро таъсис намояд ва бо тартиби муқарраргардида фаъолияти нашриётиро анҷом диҳад;

• бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда салоҳиятҳои дигарро, ки дар санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ пешбини шудаанд, анҷом дихад.

III. Ташкили фаъолият

7. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои салоҳиятҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи фаъолияти муқарраршуда масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳодоти ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мсшаванд.

Шумораи муовинони Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

8. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

9. Вазир:

• вазифаҳоро дар байни муовинони худ тақсим менамояд;

• низомномаҳоро дар бораи воҳидҳои сохтории Вазорат тасдиқ менамояд;

• ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таънн ва аз вазифа озод намудани роҳбарони агентиҳои назди Вазорат, инчунин намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа тибқи тартиби муқарраргардида псшниҳодот манзур менамояд (карор аз 3.05.2010 № 245);

• ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мутобиқи Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд;

• ба Ҳукуматм Ҷумҳурии Тоҷикистоп тибқи тартиби муқаррарнамуда оид ба ташкил додан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои системаи Вазорат пешииҳодот манзур менамояд;

• мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба иҷрои хизмати давлать дар дастгоҳи марказии Вазорат, ва намояндагищои тиҷорать дар хориҷа ҳаллу фасл менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• ҷадвали штатӣ ва ҳайати воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро дар доираи муқаррарнамудаи теъдод ва фонди музди меҳнат, хароҷотномаро барои нигохдории Вазорат дар доираи маблағгузориҳои пешбинишуда тасдиқ менамояд;

• сохтор ва ҷадвали штатии намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаро тасдиқ менамояд;

• ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисмати таъминоти молиявии фаъолияти Вазорат хадамот ва агентиҳои системаи худ псшниҳодот манзур менамояд;

• оинномаи ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад;

• масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида ҳаллу фасл менамояд;

• фармоишҳо интишор менамояд, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва ташкилотҳои системам он ҳатмӣ мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245);

• дар бораи ташаккул ва тағиири ҳайати қисми тоҷикистонии комиссияҳои байнихукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба тартиби муқарраргардида пешниҳодот ворид менамояд;

• кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони мақомоти минтақавии онро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, оид ба номзадҳо ҷиҳати ба ҳайати мушовараи Вазорат дохил ё хориҷ намудан пешниҳодот манзур менамояд;

• нақшаи кории солона ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти сохторҳои системаи Вазорат, инчунин ҳисоботро оид ба иҷрои он тасдиқ менамояд;

• қарорҳои хилофи қонунгузори қабулкардаи роҳбарони сохторҳои системаи худро бекор менамояд, агар тартиби дигари бекор намудани онҳо дар қонун нишон доданашуда бошад;

• тибқи тартиби муқарраргардида номзадии кормандони Вазорат ва сохторҳои системаи онро барои сарфароз намудан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

• ҳуқуқҳои дигарро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

10. Дар Вазорат таҳти роҳбарии Вазир ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари Вазорат дохил мешаванд. Ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Вазир аз тарафн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Қарорҳои ҳайати мушовара бо тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул кардашуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.

11. Вазорат бо субъсктҳои хоҷагидор, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, созишномаҳои (шартномаҳои) дутарафа мебандад. Ҳисоботи роҳбарони субъекти хоҷагидор дар бораи ҷараёни иҷрои созишномаҳо, татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои дарозмӯҳлати тасдиқгардида мунтазам дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат баррасӣ мешаванд.

12. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

13. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 37 мебошад.

 

Замимаи 2

 

бо қарори Ҳукумати

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

аз 12 сентиябри соли 2012, №490

 

тасдиқ шудааст

 

 

Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати Ҷ Т аз 13.09.2012 №490)

Роҳбарият

Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт

Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ

Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо

Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ (қарори Ҳукумати Ҷ Т аз 26.11.2020 №627)

Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ

Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати котибот

Раёсати молиявию баҳисобгирӣ

Раёсати кадрҳо ва бахши махсус

Раёсати корҳо

 

Бо қарори Ҳукумати

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

аз 3 майи соли 2010, №245

 

тасдиқ шудааст

 

Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати Ҷ Т аз 3.05.2010 №245)

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати Ҷ Т аз 29.04.2015 №252)

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷ Т аз 11.12.2012 №719)

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисоди»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷ Т аз 26.11.2020 №623)