Нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори миллати тоҷик аст.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз 9 августи соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши табрикӣ бо иштироки ҳамаи кормандони вазорат ва зерсохторҳои он бахшида ба нахустин мукофоти олӣ - “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Завқизода З. А. аз номи роҳбарияти вазорат ба ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат, муассисаҳои зертобеи он ва иқтисоддонҳо ин нахустин мукофоти олии фахри миллати тоҷикро мубораку шодбош гуфта, қайд намуд, ки ин ҷоиза аз ҷониби ҷомеаи Осиёи Марказӣ қадрдонӣ намудани хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва сулҳу амният дар минтақа, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар ҳамоиш кормандони вазорат низ суханронӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ин мукофоти олӣ руҳи баланд гирифта, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши бештар мекунанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное