Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни – Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 15 халта орд, 50 литр равған, 50кг биринҷ, 100кг макарон, 50кг шакар, 20кг шоколад, 20кг кӯлчақанд ва 20кг гушти гов расонида шуд.