Новости Министерства



Муаррифии имкониятҳои сармоягузорию иқтисодӣ дар Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кувайт

.

  

4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кувайт баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузорию иқтисодии Тоҷикистон, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир имкониятҳои саноатӣ ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Ҳамзамон Завқизода З. А. таъкид дошт, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар бист соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд. Ӯ қайд намуд, ки 75 фоизи аҳолии кишвар қуваи кории ҷавон ва маълумотнок, инчунин 98 фоизи энергияи истеҳсолшударо энергияи сабз ташкил медиҳад.

Завқизода З. А. иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои фазои мусоиди сармоягузорӣ буда, дар кишвар инфрасохтор ва иқтидорҳои зиёд барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, дорусозӣ, туризм, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мавҷуданд. Ӯ ҳамчунин ба як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои андозиву гумрукии барои сармоягузорони хориҷӣ пешниҳодшаванда, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ишора намуда, афзуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорон аз тарафи давлат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин ба иштирокдорон лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ пешниҳод гардида, сармоягузорони кувайтӣ барои сармоягузорӣ дар баъзеи онҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Ин иқдом ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Қайд бояд кард, ки дар Форуми мазкур аъзои ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Қаҳҳорзода Ф. С., Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Г. К., инчунин намояндагони ширкатҳои бузурги кувайтӣ ва соҳибкорону сармоягузорон иштирок доштанд.