Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мамнуъгоҳи “Хуталон” дар ноҳияи Данғара
1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Хуталон” бо вазъи ин мамнуъгоҳ шинос шуданд.
Масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи “Хуталон” 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уреал-гусфанди куҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, говазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв” қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари чорво ва паррандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.