Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» дар шаҳри Хуҷанд

.

29 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.

Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр — кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои меҳмонони ин шаҳри зебои кишвар мебошад.

Тақдими туҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои 150 нафар ятими кулл дар шаҳри Хуҷанд

.

Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, бо фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат- Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

.

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.