Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии Маҷмааи универсалии варзишӣ дар шаҳри Душанбе

.

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Ба ғайр аз Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” дар корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ инчунин 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

.

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,

Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо камоли мамнуният табрикоти самимии худро ба Шумо ирсол медорам.

Мардуми Озарбойҷон бо  овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсате, ки таҳти роҳбарии Шумо роҳандозӣ гардида, ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод.