Нишасти матбуотӣ дар Вазорат

.

 

15 феврали соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018, нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

.

Рӯзи 11 феврали соли 2019 мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Ёсефсон ва ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо аз шаҳри Брюссел баргузор гардид.

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

.

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).