
Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи МОИ
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия аз мавзуъҳои асосии вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Туркия таҳти роҳбарии Салиҳ Чичек маҳсуб меёфт, ки рӯзи 24 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Хитой
Баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз мавзуъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо акнун собиқ Мушовири Канселярия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии Сафорати ҶХХ дар Душанбе ҷаноби Ли Юе ва Мушовири навтаъиншудаи Канселярия ҷаноби Сун Ян маҳсуб меёфт, ки рӯзи 4 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Баргузории рӯнамоҳо дар Вазорат
30 июли соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Раёсати котиботи Вазорат тибқи нақшаи қаблан тасдиқгардида барои мутахассисони Дастгоҳи марказӣ вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти корӣ рӯнамоҳо баргузор гардид.