
Дар Вазорат нишасти матбуотӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Муаррифии Барномаи мутобиқгардонӣ дар вилояти Суғд
Бо ташаббуси бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 2015 дар кохи «Матбуот»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо баргузор гардид.
Семинар дар Вазорат
21-уми июли соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат семинар дар мавзӯи «Мубориза бар зидди коррупсия» бо мақсади иҷрои банди 25 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ гардидааст, доир гардид.