Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ

.

9-уми июли соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев сурат гирифт.

Баррасии масоили ҳамкорӣ бо Наталия Ханженкова

.

2-юми июли соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Туркия, хонум Наталия Ханженкова баргузор гардид.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон

.

Баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон аз мавзуъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Кордори Сафорати Ҷопон дар Душанбе ҷаноби Йошиширо Ҳорие маҳсуб меёфт, ки рӯзи 25 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.